Санаи 24-уми январи соли равон дар бинои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси васеъи кормандони тамоми сохторҳои системаи Кумита баргузор гардид. Дар маҷлис танҳо баррасию таҳлили Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Роҳбари дастгоҳи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонзода ва сиёсатшинос Абдулло Раҳнамо сурат гирифт.
Ҷаласаро муовини якуми Раиси Кумита Умарзода Улуғбек Хуҷа, оғоз намуд.
Роҳбари дастгоҳи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон самтҳои муҳимми ироашуда дар Паёмро мавриди таъқид қарор дода, бо мисолҳои мушаххас ва асоснок ҳар як бандҳои ироашудара шарҳу тафсир намуд.
Абдулло Раҳнамо низ нуқтаҳои муҳимми таъкидшуда дар Паёмро ишора намуда, аз ҷумла оид ба муҳиммияти ироаи Паём, нуқтаҳо оид ба сиёсати дохиливу хориҷии Ҳукумат, нақшаҳову барномаҳои амалишуда ва минбаъд ба нақшагирифташударо бо нархи оммафаҳмона қайд намуданд.