Низомнома
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 4 сентябри соли 2014 № 586 шаҳри Душанбе
ДАР БОРАИ ХАДАМОТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОНӢ
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, №12 «Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
- Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ, Номгўи корхонаҳои Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1,2,3,ва 4).
- Шумораи ниҳоии кормандони Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ ба миқдори 61 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла шумораи кормандони дастгоҳи марказӣ ба миқдори 13 воҳид муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати Ҷ.Т. аз 31.07.2018 №364).
- Маблағгузории 25 воҳиди кори Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва 36 воҳиди корӣ, аз ҷумла 2 воҳиди кории дастгоҳи марказӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси бо тартиби бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқагардида, инчунин аз ҳисоби хизматрасонӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 0,15 фоиз аз ҳисоби ҳиссаҷудокунии меъёрҳои муқаррарнамудаи хароҷоти ғайричашмдошти иншооти сохтмонӣ анҷом дода шавад. (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.10.2016 №433, аз 31.07.2018 №364).
- Ба Сардори Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ иҷозат дода шавад, ки як муовин дошта бошад.
- Ба дастгоҳи марказии Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ як адад меъёри автомашинаи сабукрави хизматӣ муқаррар карда шавад.
- Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, №177 «Дар бораи Хадамоти давлатии назорати сохтмон ва меъморӣ» аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Замимаи 1
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 сентябри соли 2014, №586
тасдиқ шудааст.
НИЗОМНОМАИ
Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ
- МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
- Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ (минбаъд-Хадамот) мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, идоракунӣ ва назоратро дар соҳаи меъморӣ ва сохтмонӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ анҷом медиҳад. Ҳамчунин оид ба анҷомдиҳии назорати ташкилотҳо дар соҳаи сохтмон, ки мутобиқи шартномаҳои байналмилалӣ таъсис дода шудаанд, ваколатҳо дорад.
- Хадамот дар Нақшаи идоракунии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
- Хадамот дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.
- Хадамот фаъолияти худро мустақиман ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар шахсони воқеъи ва ҳуқуқӣ анҷом медиҳад.
- ВАКОЛАТҲО
- Хадамот ваколатҳои зерин дорад:
- назорат оид ба риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи меъморӣ ва сохтмонӣ;
- назорат оид ба риояи меъёру қоидаҳои сохтмонӣ аз ҷониби корхонаҳои истеҳсолкунандаи масолеҳу конструксияҳои бинокорӣ, ташкилотҳои сохтмонӣ ва шахсони воқеъӣ;
- назорат оид ба риояи сифати иҷрои корҳои сохтмонию васлгарӣ ҳангоми сохтмони манзилгоҳҳо, иншооти таъиноти саноатӣ, энергетикӣ, кишоварзӣ, роҳҳо, азнавсозии биною иншооти истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ;
- назорат оид ба риояи намудҳои дигари сохтмон, сарфи назар аз мансубияти идоравӣ ва шакли моликияташон; - назорат оид ба фаъолияти марбут ба назорати муаллифӣ ва техники ташкилтҳои лоиҳакашӣ ва фармоишгарон, сарфи назар аз тобеияти идоравиашон;
- назорат оид ба сари вақт ва босифат аз ҷониби иштирокчиёни сохтмон анҷом додани корҳои ҷустуҷўи муҳандисӣ, озмоишӣ, аксбардорӣ, ченкунӣ ва аз рўи натиҷаи онҳо ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои зарурии истеҳсолию техникӣ ва иҷроишӣ, ки дар ҳуҷҷатгузории меъёрию техникӣ ва лоиҳавӣ пешбинӣ шудаанд;
- оид ба татбиқи лоиҳаҳои тасдиқшуда ва риояи талаботи санадҳои меъёрию техникӣ дар бахши усулҳои ҳалли меъморию шаҳрсозӣ;
- ба амал баровардани назорати мунтахаб оид ба риояи қоидаҳои қабули иншоот барои истифода аз ҷониби комиссияҳои давлатии қабул ва андешидани чораҳои дахлдор;
- таҳия намудани пешниҳодот оид ба ворид намудани тағиру иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои нави методӣ ва меъёрии ҷорӣ ва таҳияшаванда, ки сифати иҷрои корҳои сохтмонию васлгарӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, конструксия ва маснуотро аз ҷиҳати ташкилотию ҳуқуқии низоми сохтмон таъмин менамояд;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти назорати давлатӣ дар соҳаи сохтмон ва меъмории вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, дигар ташкилотҳои сохтмонӣ, лоиҳакашӣ ва фармоишгарон, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликияташон, оид ба риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, сифати корҳои сохтмонию васлгарӣ дар марҳилаи бунёди иншоот;
- иштирок дар кори Комиссияҳои давлатии қабул ҳангоми ба истифода додани иншоот;
- ҳамкорӣ бо дигар мақомоти назорати давлатӣ, ташкилотҳои илмию тадқиқотӣ, лоиҳакашӣ ва ҷаъмиятӣ оид ба масъалаҳои таъмин намудани сифати масолеҳи сохтмонӣ, риояи қонунгузории сохтмон, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон барои муҳити мусоиди фаъолияти ҳаётӣ.
- ҲУҚУҚҲО
- Хадамот дар доираи ваколатҳои худ ҳуқуқҳои зерин
дорад:
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ боздид намудан аз иншооти сохтмонӣ, корҳонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ конструксияҳо ва маснуот, пойгоҳҳои моддию техники муассиса ва ташкилотҳои сохтмонӣ ё машғул бо хизматрасонӣ дар сохтмон, сарфи назар аз мансубияти идоравӣ ва шакли моликияташон;
- санҷиш намудани фаъолияти сохтмонии шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ ва аз рўи натиҷаи он додани амрнома доир ба ислоҳи камбудиҳо, инчунин қабули қарорҳо дар бораи ҷаримабандӣ;
- иштирок кардан дар кори комиссия оид ба тафтиш сабабҳои садамаи биноҳо ва иншоот;
- талаб карда гирифтани ҳуҷҷатҳои зарурии меъёрию техникӣ, лоиҳавӣ ва иҷроишии иншоот аз иштирокчиёни сохтмон;
- мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар ҳолатҳои зарурӣ аз пудратчиён, истеҳсолкунандагони конструксияҳои сохтмонӣ ва маснуот талаб кардани интихобан кушодани ҷуъоҳои сохти алоҳидаи бино ва иншоот, гузаронидани санҷиши иловагии озмоишӣ ва боздоштани иҷрои минбаъдаи корҳои сохтмону васлкунӣ ва малабғузории сохтмонҳо то рафъи камбудиву норасоиҳои дар обеъектҳо ошкоргардида аз ҷониби бонкҳо ва фармоишгароне, ки барои сохтмон маблағ ҷудо мекунанд;
- ҷалб намудани мутахассисони вазорати идораҳои дахлдор ва воҳидҳои онҳо иштирок дар тафтиши сифати корҳои сохтмонию васлкунӣ, конструксияҳо, маснуот ва масолеҳ, гузаронидани табқиқот ва санҷиш;
- ҳангоми зарурат додани супориш ба мақомоти маҳаллии назорати давлатии сохтмон ва меъморӣ оид ба ҳалли масъалаҳои ба салоҳияти Хадамот вогузошта;
- додани дастури ҳатмӣ барои иҷро ба шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ ва шахсони мансабдор оид ба ислоҳи корҳои сохтмонии бесифат иҷрошуда ва ивази маснуоту масолеҳи бесифат;
- додани муҷозоти маъмурӣ барои роҳ додан ба қонуншиканӣ дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва шахсони мансабдор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ;
- боздоштани иҷрои минбаъдаи корҳои сохтмонӣ ҳангоми ошкор намудани нуқсон ва вайронкуниҳои меъёр, ки боиси таҳдиди ноустуворӣ ва беэътимодии бино, иншоот ё як қисми онҳо, коммуникатсияҳои муҳандисӣ, конструксияҳо ё аз байн рафтани онҳо мегардад;
- боздоштани фаъолияти сохтмонии шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми ошкор кардани сохтмони худсарона ё риоя накардани асноди лоиҳавию хароҷотии тасдиқгардида;
- пешниҳоди мавод ба мақомоти омори давлатӣ оид ба хориҷ кардан аз ҳисоби давлатӣ барои вайрон намудани тартиби муқарраргардидаи баистифодадиҳии объектҳои анҷомёфтаи сохтмонӣ ва истеҳсоли маснуотӣ корхонаҳои саноати сохтмон, ки ҷавобгўи стандартҳо, сертификатҳо ва шартҳои техникӣ намебошанд;
- пешниҳод намудани мавод оид ба қонуншиканӣ дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои баррасӣ тибқи тартиби муқаррарнамудани қонунгузорӣ;
- пешниҳод намудани мавод ба Хадамоти соҳавии иҷозатномадиҳӣ оид ба боздоштани иҷозатнома тибқи тартиби муқарраршуда барои намуди дахлдори фаъолият дар соҳаи меъморӣ ва сохтмонӣ.
- ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТ
- Хадамотро Сардор роҳбарӣ менамояд, ки бо пешниҳоди Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
- Сардор барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Хадамот гузошташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият масъулияи шахсӣ дорад.
- Сардори Хадамот як муовин дорад, ки бо пешниҳоди Сардори Хадамот аз ҷониби Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
- Сардори Хадамот ваколатҳои зерин дорад;
- дар доираи лимити аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайянгардида, шумораи кормандони дастгоҳи марказии Хадамот, фонди музди меҳнат ва басти вазифаҳои дастгоҳи марказии Хадамотро тибқи талаботи намунавӣ ва харҷномаи таъминоти онро барои тасдиқ намудан ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида кормандони Хадамотро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
- роҳбарони гурўҳҳои минтақавии назоратӣ ва корхонаҳои Хадамотро бо мувофиқаи Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
- низомномаҳои воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва гурўҳҳои митақавии Хадамотро тасдиқ мекунад;
- оид ба масъалаҳои фаврӣ ва ҷории ташкили фаъолияти Хадамот фармоишҳо қабул мекунад.
- Хадамот шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мўҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номи худ бо забони давлатӣ, бланкаҳо ва мўҳру тамғаҳои дахлдор мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад;
- Хадамот бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ таъсис ва барҳам дода мешавад.
- Маҳалли ҷойгиршавии Хадамот: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кўчаи Валаматзода-19/11 мебошад.
Замимаи 2
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 сентябри соли 2014, №586
тасдиқ шудааст.
СОХТОРИ
дастгоҳи маркази Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ
1. Роҳбарият
2. Шӯъбаи нозирон
3. Бахши кадрҳо ва ҳуқуқ
4. Бахши муҳосибот
Замимаи 3
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 сентябри соли 2014, №586
тасдиқ шудааст.
НАҚШАИ
идоракунии Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ
1. Дастгоҳи марказӣ
2. Гурўҳҳои минтақавӣ
Замимаи 4
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 сентябри соли 2014, №586
тасдиқ шудааст.
НОМГӮИ
корхонаҳои Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ
1. Корхонаи воҳиди давлатии «Манзили сохтмончиён»

Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мирзозода Низом Юсуфӣ
Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон